Сафири Покистон дар вилояти Суғд
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн Баркаталӣ Сиял дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд 12 октябр бо роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Анвар Ёқубов мулоқот намуд.Дар ҷараёни мулоқот меҳмони олиқадрро аз фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ воқиф намуданд. Дипломати Покистон ба лоиҳаи ташкили маркази нақлиётие мароқ зоҳир намуд, ки имкон медиҳад дар оянда шароити ҷалби савдою тиҷорати Покистон ва афзун намудани муомилоти савдои миёни ҳар ду кишвар фароҳам оварда шавад.Ғайр аз ин масъалаҳои сармояи аввалия ҷиҳати ташкили тиҷорат дар ҳудуди минтақа, таъминоти об ва таъмини нерӯи барқ, ҳаҷми пешниҳоди қитъаҳои замин барои сохтмон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.«Дар хотимаи мулоқот сафир намояндагони маъмуриятро даъват намуд, ки дар фаъолияти ЭКСПО дар Покистон иштирок намоянд. Ин чорабинӣ моҳи ноябр дар шаҳри Карочи бо иштироки беш аз 700 нафар соҳибкорону тоҷирони кишварҳои мухталифи ҷаҳон роҳандозӣ мешавад», — хабар доданд дар шӯъбаи таҳлилии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд».








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






