Сайди моҳӣ зиёд шуд

Октябрь 20, 2011 10:55

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти моҳӣ 5,2 млн. сомониро ташкил дод. Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» дар давоми 9 моҳи соли 2011 сайди моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ба 339,7 тонна расидааст, ки аз ин миқдор 231 тонна дар вилояти Хатлон, 74 тонна дар  вилояти Суғд, 25,9 тонна дар ВМКБ, 4 тонна дар шаҳри Ваҳдат, 3,8 тонна дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 3 тонна дар ноҳияи Файзобод сайд гардида аст. Дар ин давра барои рушди соҳа 46 га ҳавзҳои нави моҳипарварӣ сохта ва ба истифода дода шуд.Ба иттилои манбаъ, хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон барои рушди соҳа бештар ҳавасманданд. Дар ин муддат  хоҷагиҳои вилоят 27 га ҳавзҳои нави моҳипарвариро мавриди истифода қарор доданд. Ин дар мавридест, ки дар ВМКБ ҳамагӣ дар як га, дар ноҳияи Рашт  дар 4 га ва дар ноҳияи Ваҳдат дар 14 га ҳавзҳои моҳипарварӣ сохта шудаанд. Дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Файзобод вобаста ба васеъ кардани масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ  ва ривоҷи соҳа тадбире наандешидаанд.

Октябрь 20, 2011 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад