Сайди моҳӣ зиёд шуд
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти моҳӣ 5,2 млн. сомониро ташкил дод. Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» дар давоми 9 моҳи соли 2011 сайди моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ба 339,7 тонна расидааст, ки аз ин миқдор 231 тонна дар вилояти Хатлон, 74 тонна дар вилояти Суғд, 25,9 тонна дар ВМКБ, 4 тонна дар шаҳри Ваҳдат, 3,8 тонна дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 3 тонна дар ноҳияи Файзобод сайд гардида аст. Дар ин давра барои рушди соҳа 46 га ҳавзҳои нави моҳипарварӣ сохта ва ба истифода дода шуд.Ба иттилои манбаъ, хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон барои рушди соҳа бештар ҳавасманданд. Дар ин муддат хоҷагиҳои вилоят 27 га ҳавзҳои нави моҳипарвариро мавриди истифода қарор доданд. Ин дар мавридест, ки дар ВМКБ ҳамагӣ дар як га, дар ноҳияи Рашт дар 4 га ва дар ноҳияи Ваҳдат дар 14 га ҳавзҳои моҳипарварӣ сохта шудаанд. Дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Файзобод вобаста ба васеъ кардани масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ ва ривоҷи соҳа тадбире наандешидаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






