Сатҳи маърифати ноболиғонро баланд бардорем

Октябрь 18, 2011 15:17

Душанбе, 18 октябр. («АМИТ»  Ховар, Фарҳоди Шомаҳмад).- Чанд рӯз қабл дар бозори «Деҳқон», воқеъ дар шаҳраки Гипроземи шаҳри Душанбе бо ташаббуси ҳамоҳангсозони лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонй, пешгирии бемории вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ СПИД) ва нашъамандй миёни  ҷавонону наврасон» семинар доир гардид. Семинари мазкур барои ҷалби ноболиғону кӯдаконе, ки дар бозори мазкур ба  корҳои сангин, аз қабили аробакашй, боркашонӣ, мошиншӯӣ ва дигар корҳо машғуланд, нигаронида шуда буд.  Ин ноболиғон дар бозорҳо ба кор машғул шуда,  аз омӯзиш дур мемонанд. Суол ба миён меояд, ки оё онҳо аз ҳуқуқҳои хеш ва пешгирӣ аз бемориҳои вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ СПИД), оқибатҳои нашъамандию нашъаҷаллобй, дучоршавӣ ба харидуфурӯши одамон воқифанд? Баҳодур Ҷӯрабеков, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Беҳтарнамоии хизматрасонӣ оид ба пешгирии ВНМО ва нашъамандй» гуфт, ки зиёда аз 4 сол мешавад, ки байни ҷавонону наврасон перомуни ин мавзӯъҳо корҳои фаҳмондадиҳй мегузаронанд. Ба қавли номбурда  ҷавонон ба ин  семинарҳо  таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва чунин семинарҳои омӯзишӣ барои ба хондан рӯ овардани онҳо замина мегузоранд.   

Октябрь 18, 2011 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ