Шаҳру ноҳияҳо дорои барномаи рушд мегарданд
Душанбе, 13 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барномаҳои рушд таҳия карда шуда, он ба тараққиёти минбаъдаи ҳар як минтақа мусоидат менамояд. Қонуни мазкурро палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон муҳокима ва қабул намуд.Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни тавзеҳи лоиҳаи қонун дар ҳузури вакилон гуфт, ки аз соли 2006 то ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2006-2015 дар 37 шаҳру ноҳияҳо ва 65 ҷамоати деҳот барномаҳои рушд таҳия гардида, амалӣ шуда истодаанд, ки дар асоси он ҳазорҳо ҷойи кор таъсис дода шуд.Дар ин давра барои рушди 14 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ 1 ҳазору 860 лоиҳа ба маблағи 2, 3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки то 1 октябри соли равон 644 лоиҳа ба маблағи 621 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Дар асоси он 17 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд. -«Номукамалии қонун нишон дод, ки на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии худро доранд», афзуд Исмоил Талбаков. Зеро 33 шаҳру ноҳия ва беш аз 300 ҷамоати деҳот чунин барномаҳоро таҳия ва қабул накардаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қонуни мазкур дурнамои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти минтақаҳои кишвар мушаххас гардонида мешаванд. Чунин барномаҳо барои рушди иқтисодиёт бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, истифодаи захираҳои маҳаллӣ мусоидат менамояд. Барномаи мазкур ба таври ҳатмӣ ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо ба ҳисоб гирифта, татбиқи онро бо назардошти рушди хусусиятҳои ҳар як минтақаи Тоҷикистон таъмин менамояд.Ҳазамон, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар ин бора гуфт, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи байниидоравӣ вазифадор карда шудааст, ки қонун мавриди таҳлил қарор дода шавад. То моҳи ноябр пешниҳодҳо доир ба такмили қонуни мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешаванд. Қонуни мазкур соли 2003 қабул шуда буд, ки самти асосиаш ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






