Шурӯи нахустин ҷаласаи иҷлосияи парлумон
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Айни замон дар палатаи поёнии парлумони мамлакат беш аз 40 лоиҳаи қонун барои баррасӣ қарор дорад, дар сурати зарурат ман пешниҳод мекунам, ки ташхисҳои илмиву иқтисодӣ, зиддикоррупсионӣ ва забонии ин лоиҳаи қонунҳо доир карда шавад». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон иброз дошт.Бояд тазаккур дод, ки вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ баъд аз се моҳи таътил ба фаъолият шурӯъ карданд.Зуҳуров зикр кард, ки ба вакилони парлумон зарур аст ба қабули як силсила лоиҳаи қонунҳо дар бораи энергетика, молия, андоз ва иқтисод таваҷҷӯҳи бештар зоҳир созанд. Дар ҳамин ҳол Зуҳуров гуфт, ки муддати идомаи иҷлосия намояндагони мардумӣ бояд бо интихобкунандагони худ доимо дар тамос бошанд, то аз мушкилоту пешниҳоди онҳо огаҳӣ дошта бошанд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






