Сохтмони иншооти соҳаи иҷтимоӣ — фарҳангӣ дар 9 моҳ

Октябрь 20, 2011 10:56

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2011 барои инкишофи сохтмони  соҳаи иҷтимоӣ аз буҷа 1 млрд. 370, 5 млн. сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ин муддат дар масоҳати умумии 439,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд. Мавриди истифода қарор додани хонаҳои истиқоматӣ дар вилояти Суғд 169 ҳазор метри мураббаъ, дар вилояти Хатлон – 195,8, шаҳри Душанбе – 12,5 ва дар НТҶ 61,9 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ 95 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматиро аҳолӣ сохтааст. Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ барои 6499 ҷойи нишаст мактабҳои таҳсилоти умумӣ сохта шуд. Дар ин давра сохтмони беморхонаҳо низ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Октябрь 20, 2011 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд