Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавонон

Октябрь 13, 2011 11:56

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). – Имрӯз, 13  октябр,  дар  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  воқеъ  дар  шаҳри  Минск  маҷлиси  гурӯҳи  коршиносон оид ба таҳияи  лоиҳаи  Нақшаи  чорабиниҳо  барои  солҳои  2012  — 2013  ҷиҳати  татбиқи  Стратегияи  ҳамкории  байналмилалии  ҷавонони  давлатҳои  аъзои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  баргузор мегардад.Стратегия  барои  давраи  то соли  2020  пешбинӣ  шуда  ва  санади  асосии  бахши  ҳамкории  ҷавонон  дар  фазои  ИДМ  мебошад. Дар  доираи он  фаъолияти  сохторҳои  давлатӣ оид ба  умури  ҷавонон, созмонҳои  ҷамъиятии  ҷавонони  кишварҳои  аъзои  ИДМ вусъат  ёфта,  амалияи  рӯи  кор  овардани  чорабиниҳо  бо  иштироки  ҷавонони  мамлакатҳои  Иттиҳод  густариш  ва такмил  меёбад. Стратегияро  сарони  давлатҳо  дар  охири  соли  2010 тасдиқ намуда буданд. Ба  Шӯрои  кор бо  ҷавонон  супориш  дода шуда буд, ки  якҷоя  бо  мақомоти  дигари  ҳамкории  соҳавии  ИДМ  дар  бахши  гуманитарӣ  лоиҳаи  Нақшаи  чорабиниҳоро  бобати  татбиқи  он  тартиб  дода ва  ҷиҳати баррасӣ  ба  Шӯрои  сарони  ҳукуматҳои  ИДМ  пешниҳод  намояд.Аз  ҳашт  Шӯрои  соҳавӣ  пешниҳодҳо  ба  Нақша расидаанд. Ҳамчунин Озарбойҷон, Арманистон,  Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова,  Русия ва  Тоҷикистон пешниҳодҳояшонро  ирсол  доштаанд.

Октябрь 13, 2011 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад