Тӯҳфа ба марказҳои сироятнопазирӣ

Октябрь 20, 2011 15:20

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – 19 октябр  дар  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  иштироки  муовини  аввали  вазири тандурустии  ҶТ Саида  Ҷобирова  маросими  ботантанаи  ба роҳбарони  марказҳои  сироятнопазирии шаш  ноҳияи  интихобии  вилоятҳои Хатлону  Суғд  супуридани  мошинҳои  тамғаи «Нива»   баргузор  гардид.Дар  ин  бора ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  дар  маркази  матбуоти Вазоррати тандурустии ҶТ иттилоъ  доданд.Мувофиқи  суханони  манбаъ,  ин   мошинҳо  дар  чаҳорчӯбаи  Лоиҳаи  таҳкими  бахши  нигаҳдории  тандурустӣ ба  манзури  сари  вақт  расонидани  ёрии  тиббӣ, аз ҷумла  бо  мақсади сироятнопазирӣ  пешниҳод  шудаанд. Лоиҳаро  Маркази  ҷаҳонии  ваксинаҳо ва  сироятнопазирӣ  маблағгузорӣ  менамояд.  Мошинҳои «Нива» дар   ноҳияҳои  Балҷувон, Фархор, Қумсангир,  Восеъи  вилояти  Хатлон,  ҳамчунин  дар  Ғончи ва Мастчоҳи  Кӯҳии  вилояти  Суғд  истифода  мешаванд.Назар  ба  гуфти манбаъ, «кор дар доираи  татбиқи Лоиҳаи таҳкими тансиҳатӣ, ки  барои  ду  сол  пешбинӣ  шудааст,  идома  дорад».

Октябрь 20, 2011 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ