Тағироти кадрӣ дар маҷлиси ҲҶТ
Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, баробари дигар масалаи муҳим ба истифодаи замин диққати махсус дода шуд.Прокурори генералии ҷумҳурӣ Салимзода Шерхони Одина дар бораи тақсими ғайримақсадноки замин дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гузориш дод.Барои роҳ додани қонуншиканиҳо дар тақсими замин раиси ноҳияи Вахш Шодӣ Мусоев ва раиси ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов аз вазифаашон озод карда шудандБо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадатова Манзура, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард, директори Литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардид.Мадатова Манзура дар ин мақом Давлатбӣ Мӯъминоваро иваз кард.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Исмонов муовини вазири маориф, Лола Сафарова муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонова муовини аввали раиси Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тахмина Давлатова муовини раиси ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ва Раҳимҷон Саидов сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъин гардиданд.Қиматгул Алибердиева, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба мақоми муовини раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пешниҳод гардид.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






