Таҷҳизоти нави ташхис дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2011 17:14

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз, 12 октябр дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон маросими ботантанаи қабули таҷҳизоти муосиру пуриқтидори ташхис бо иштироки муовини Вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов, сардухтури Маркази миллии тиббии Тоҷикистон Абдукарим Шехов ва мутахассисони пешбари маркази мазкур баргузор гардид.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд.Дастгоҳи томографии оҳанрабоӣ-резонансӣ, дастгоҳи компютерии томографии морпеч, дастгоҳи рентгении рақамӣ ва дастгоҳи ташхиси ултрасадоӣ ба ин таҷҳизоти пуриқтидор дохил мешаванд. Таҷҳизот бо маблағи соҳибкорони тоҷик харид шудааст. Таҷҳизоти муосир дорои нерӯи пурқудрат буда, ба  талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй аст.

Октябрь 12, 2011 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад