Таъмири театр бо қувваи худӣ
Хоруғ, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурӣ солҳои охир дар ВМКБ бунёдкориҳои зиёде ба назар мерасанд. Баробари ин бо имдоди созмонҳои ҷаҳонӣ ва ба вижа Бунёди Оғохон низ корҳои зиёди ободонӣ рӯи кор омаданд. Мардуми Бадахшон аз ҳамаи ин рӯҳу нерӯи тоза гирифта, тариқи ҳашар низ ба бунёдкориҳо даст мезананд. Масъалан, дар ин рӯзҳо кормандони Театри мардумии ноҳияи Ишкошим машғули таъмири бинои театранд. Тавре директори театр Гулдасташоҳ Амиргулхонов иброз дошт, дар ин давраи гузариш мо бояд танҳо ба умеди маблағгузории давлату созмонҳои ҷаҳонӣ нашуда, худамон низ қадре ҷунбем, яъне он кореро, ки худамон аз ӯҳдааш мебароем, иҷро намоем.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






