Тандурустӣ рушд дорад
Хоруғ, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Соли ҷорӣ дар ҳудуди ВМКБ якчанд муассисоти соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмир гардид. Ба гуфти муовини садри Раёсати тандурустии вилоят Нуралӣ Додалиев танҳо 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ бунёди биноҳои баландошёнаи филиали Маркази ҷумҳуриявии хариди дорувор ва асбобу таҷҳизоти тиббӣ, касалхонаи бемориҳои сил, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва озмоишгоҳи он оғоз гардид. Моҳи сентябри соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустхишти таваллудхонаро гузошт, Дар ноҳияи Ишкошим 7 маркази саломатию бунгоҳҳои тиббӣ таъмир карда шуданд. Дар шаҳру навоҳии вилоят чунин бунёдкориҳо идома дорад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






