Таркиши бомба дар «Маркази фарҳанг» — и Британияи Кабир
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Дар шаҳри Лондондеррии Ирландияи Шимолӣ дар назди қароргоҳи созмони ҳамоҳангсози чорабиниҳои фарҳангӣ бомба таркид. Аз таркиши бомба касе зарар надидааст. Масъулияти ин ҳодисаро ягон кас расман ба дӯши худ нагирифта бошад ҳам, вале тахмин меравад, ки шояд бомбаро миллатгароёни Ирландия тарконида бошанд.