Ташкили мактаби барқдуздии Бозоров

Октябрь 6, 2011 10:29

Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сокини деҳаи Даҳанаи ҷамоати «Гулистон» — и шаҳри Ваҳдат Бозорбой Қосимов, ки барқчии ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи сохтмони хатҳои барқӣ (ЗАО «ТАДЕС») шуда кор мекард, зимни иҷрои вазифа ба давлат хиёнат кард,- гуфт ёрдамчии прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Мирзо Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, Б. Қосимов ба боварии сокини шаҳри Душанбе Маҳбуба Сатторова, ки дар кӯчаи Тунис – 8 –и шаҳри Душанбе, ҳуҷраи 194 зиндагӣ мекард, даромада, ба ивази 50 доллари амрикоӣ пайвасти хати барқро дар ҳисобкунаки ӯ тағйир дод. Бо ин амали худ корманди барқ тахминан дар як моҳ ба андозаи 350 кВт/ соат қувваи барқро аз ҳисобкунак берун карда, 30 сомонию 50 дирам ба давлат зарар ворид кард. Б .Қосимов ин амали худро давом дода, 30 – юми майи соли 2011 барои шиноси дигари М. Сатторова, ки дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ 64/1, ҳуҷраи 15 зиндагӣ мекард, ба ивази 300 сомонӣ ҳаракати ҳисобкунакашро суст намуд. Бо ин роҳи осони пулкоркунӣ Б.Қосимов мактаби барқдуздиро ташкил намуда, ба давлат зараровариашро давом дод. Б. Қосимов боз ба чандин одамони дигар, ки ҳанӯз дар тафтишот муайян карда нашудаанд, «хизмат» карда, зарбулмасали «Як бор ҷастӣ малахак…» — ро аз ёд баровард.Б. Қосимов ҳангоми санҷиши прокурорӣ дастгир ва бо моддаи 247 – и КҶ ҶТ қ.3 банди «а»(қаллобӣ) нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ баъди пурра собит сохтани гуноҳи номбурда парвандаро барои баррасӣ ба суд ирсол намуд.

Октябрь 6, 2011 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд