«Таъсиси Хадамоти ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон»

Октябрь 14, 2011 17:53

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз дар Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар мавзӯи «Таъсиси Хадамоти ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон» 5-умин Анҷумани ҷарроҳони Тоҷикистон баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси муштараки Ассотсиатсияи ҷарроҳони Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии ҶТ ташкил шуда, ба фаъолияти Хадамоти ҷарроҳони Тоҷикистон тайи 20 соли Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд. Пеш аз оғози Анҷуман дар долони Донишгоҳ намоиши таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти фармасевтии ширкатҳои ватанию хориҷӣ доир гардид.Дар кори Анҷуман Вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов, инчунин 300 ҷарроҳ ва олимони бахши ҷарроҳии шаҳру вилоят ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин меҳмонон аз Русия, Эрон ва Афғонистон ширкат варзиданд.Дар анҷуман   масъалаҳои муҳими марбут ба ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии таъҷилии ҷигар, ғадуди зери меъда, истифода аз технологияи муосир ҳангоми  ҷарроҳӣ баррасӣ гардиданд.

Октябрь 14, 2011 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид