Татбиқи лоиҳаҳои кӯмаки башарии Ҷопон дар Тоҷикистон
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-26 октябри соли 2011 Такааки Коматсу, Котиби саввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акбар Ятимов, раиси ноҳияи Варзоб дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи №19 ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб ширкат варзиданд.Лоиҳаи таҷдиди мактаби миёнаи №19 ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб бо маблағи умумии 106,305 доллари амрикоӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, бо- муваффақият ба итмом расид. Соли 1930 мактаби миёнаи № 19 дар ҷамоати Деҳмалик аз тарафи мардуми маҳаллӣ бо усули лойдевор сохта шуда, то ҳол хеле фарсуда гашта ва барои омӯзиш дар мавриди номусоид қарор дошт. Аз ҳисоби ноамнии шароити омӯзиш, деворҳои вайрон ва чакидани шифтҳо, толибилмон ба омӯзиш таваҷҷӯҳи зиёд надоштанд.Тавассути лоиҳаи мазкур иншооти нави мактаб бо чаҳор ҳуҷраи синфӣ ва ҳуҷраи муаллимон сохта шуда ва бо таҷҳизоти мактабӣ, аз қабили мизу курсӣ ва компютер ҷиҳозонида шуд. Бинои нав ва таҷҳизот барои зиёда аз 110 талаба муҳити мусоид ва беҳтарро муҳайё месозад. Бинобар ин, лоиҳа омили асосӣ барои рушди бардавоми иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб саҳм мегузорад.Мавриди зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешаванд. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 то инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 274 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии $20,1 миллион доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






