Туризм бояд фоидаи иқтисодӣ орад
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ба ифтихори рӯзи туризм ва бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон Конфронси дуюми миллӣ оид ба туризм баргузор гардида, дар кори он беш аз 120 нафар намояндагони олимақоми бахши давлатию инфиродӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.Дар конфронс мавзӯи «Хулосаи стратегияи миёнамӯҳлати рушди туризм ва Барномаи миллии тақвияти туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2014» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таҳлили вазъи ҳозираи ин соҳа нишон дод, ки дар натиҷаи рӯи кор овардани ислоҳот бахши туризм дар кишвар рушд ёфтааст. Дар қатъномаи конфронс зикр шуд, ки Тоҷикистон, ки дорои мероси ғании фарҳангӣ ва захираҳои табииӣ мебошад, туризмро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки то соли 2014 – ум 55 ҳазор нафар сайёҳонро қабул намуда, ин бахшро ба яке аз соҳаҳои фоиданоктарини иқтисодиёти миллӣ табдил диҳад.








Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд






