Вохӯрии Омбудсмен бо ҳамватанони муқими Русия
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз, 26 октябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав вохӯрии Зариф Ализода — Омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари кории серӯза ба Русия омада буд, бо ҳамватанони касбу кори гуногуни муқими Русия баргузор гардид.Дар вохӯрӣ З. Ализода перомуни ҳадафи боздиди худ аз Русия, аз ҷумла дидору гуфтушунидҳояш бо Владимир Лукин – ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия, ки нимаи якуми рӯз ва бо иштироки кормандони Сафорат, аз ҷумла консул С. Ғаниева ва муовини роҳбари Намояндагии муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР С. Мирзоев доир гардид, сӯҳбат кард. Ӯ фазои хуби мулоқот ва баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русияро хотирнишон намуда, дар бораи баъзе нуктаҳои санади ҳамкорӣ изҳори назар намуд. Ба қавли омбудсмен имзои чунин санади ҳамкорӣ бо омбудсмени Қазоқистон низ дар назар аст.Гузашта аз ин, номбурда аз сатҳи хуби ҳамкориҳо бо Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск, инчунин омбудсменҳои вилояти Твер ва шаҳру вилояти Маскав ёдрас шуда, аз нияти роҳандозии чунин равобиту тамосҳои наздик бо омбудсменҳо ва мақомоти расмии субъектҳои дигари Русия низ хабар дод. Дар мулоқот Абдулмаҷид Достиев — Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, раисони созмонҳои тоҷикон, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ва ВАО иштирок намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






