Зафари пахтакорони ҷумҳурӣ ва ҳосилнокии рекордӣ
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).- Новобаста аз мушкилоти пешомада, аз ҷумла камборишӣ деҳқонони ҷумҳурӣ тавонистанд тўли 20-соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон имсол бори аввал аз ўҳдаи фатҳи дурнамои истеҳсоли пахта сарбаландона бароянд. Соли ҷорӣ деҳқонони мамлакат бо истифода аз таҷрибаи пешқадами агротехникӣ ва тухмиҳои серҳосили ватаниву хориҷӣ дар майдони зиёда аз 200 ҳазор гектар чигит кишт намуданд. Тибқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳонони Тоҷикистон то санаи 17-уми октябр дар як рўз 2 ҳазору 297 тонна ва аз аввали мавсим 391 ҳазору 291 тонна пахта ба хирмани ватан ворид намуданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 125 ҳазору 733 тонна зиёд аст. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистони даврони соҳибистиқлолӣ ҳосилнокии майдони пахта бори аввал аз бист сентнер ҳам мегузарад. Аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ин қулларо фатҳ намуда, чанде аз онҳо ҳосилнокии рекордӣ, яъне аз як гектар аз 35 то 50 сентнерӣ ҳосили пахта ба даст оварданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






