Зафари пахтакорони ҷумҳурӣ ва ҳосилнокии рекордӣ

Октябрь 17, 2011 14:53

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).-   Новобаста аз мушкилоти пешомада, аз ҷумла камборишӣ  деҳқонони ҷумҳурӣ  тавонистанд тўли 20-соли соҳибистиқлолии  Тоҷикистон имсол бори аввал аз ўҳдаи фатҳи дурнамои  истеҳсоли пахта сарбаландона бароянд. Соли ҷорӣ деҳқонони мамлакат бо истифода аз таҷрибаи пешқадами агротехникӣ ва тухмиҳои серҳосили ватаниву хориҷӣ дар майдони зиёда аз 200 ҳазор гектар чигит кишт намуданд. Тибқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳонони  Тоҷикистон то санаи 17-уми октябр дар як рўз 2 ҳазору 297 тонна ва аз аввали мавсим 391 ҳазору 291 тонна пахта ба хирмани ватан ворид намуданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 125 ҳазору 733 тонна зиёд аст. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистони даврони соҳибистиқлолӣ ҳосилнокии майдони пахта бори аввал аз бист сентнер ҳам мегузарад.  Аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ин қулларо фатҳ намуда, чанде аз онҳо ҳосилнокии рекордӣ, яъне аз як гектар аз 35 то 50 сентнерӣ ҳосили пахта ба даст оварданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 17, 2011 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид