Заминларза дар Туркиё
Истанбул, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – 23 октябри соли ҷорӣ дар ҷанубу шарқии Туркиё, дар вилояти Вон заминларза ба амал омад, ки шиддати он аз рӯи ҷадвали Рихтер 7,2 баллро ташкил дод. Тавре ки вазири корҳои дохилии ин кишвар Идрис Наим Шоҳин иттилоъ дод, тибқи маълумоти охирин бар асари заминларза 217 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 1000 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд.Тибқи иттилои ВАО-и Туркиё дар натиҷаи ин офати табиӣ наздики 50 бино, аз ҷумла хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳҳо валангор шуда, ба фурудгоҳ зарари зиёд расидааст. Дар вилояти Вон интиқоли нерӯи барқ қатъ гардидааст. Охирин заминларзаи шадид дар кишвари Туркиё моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Симови музофоти Кютахя дар 330 километрии ҷанубу ғарбии Анқара ба қайд гирифта шуда буд. Қувваи заминларза 5,9 баллро ташкил дода, бар асари он чор нафар ҳалок ва зиёда аз 100 нафар маҷрӯҳ гардида буданд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






