Ҳамаи 25 нафар ҷинояткорони хавфнок дастгир шуданд
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар рафти дидани чораҳои оперативӣ- ҷўстуҷўӣ ҷинояткори махсусан хавфнок ва охирин аз 25 нафар маҳкумшудагоне, ки шаби 22 ба 23 августи соли 2010 аз маҳкамаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда буданд, дастгир гардид.Ин ҷинояткор — Зиёев Аъзамшо Аҳтамович, соли таваллудаш 1969 зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Чилдара бо лақаби «Панҷара» мебошад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин мутобиқи моддаҳои 187 қисми 2 — ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ, 104 қисми 2 — одамкўшӣ, 195 қисми 3 — ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол додан ва бо худ гирифта гаштани яроқу лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, 199 қисми 4 — тасарруфи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва маводи таркиш ва 249 қисми 4 — роҳзании Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофткуви ҷиноӣ қарор дошт.Амалиёти мазкур бо маҳорати баланди касбӣ сурат гирифта, дар рафти он ҷинояткор фурсати истифодаи яроқи оташфишонро пайдо карда натавонист ва ба ягон корманди мақомоти корҳои дохилӣ зарари ҷисмонӣ нарасидааст. Ҳангоми дастгир намудан аз Зиёев Аъзамшо як таппончаи тамғаи «Макаров» бо тирдон ва 35 дона тир, як норинҷаки дастии «РГД-5», воситаи мухобираву алоқа ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид. Бо ҳамин амалиёти махсуси «Боздошт», ки тўли беш аз як сол аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат роҳандозӣ шуд, бо дастгир ва безараргардонии ҳамаи 25 нафар ҷинояткорони махсусан хавфнок анҷом ёфт.Қайд кардан зарур аст, ки натиҷаи бобарори ин амалиёт самараи ҳамкориҳои муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии мамлакат ва мусоидати бевоситаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад.Вобаста ба ин Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи он шаҳрвандоне, ки баҳри оромиву осоиштагии кишварамон дар боздошту безараргардонии ин чинояткорон бо ҳисси баланди миллӣ саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






