Ҷойҳои нави корӣ дар Шӯроб

Ноябрь 11, 2011 13:44

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Моҳи декабри соли равон барои 80 нафар сокиноне, ки аз ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурхи ноҳияи Исфара ба ҷамоати Шӯроб кӯчонида шуда буданд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд. Тавре мутахассиси лоиҳаи Барномаи рушди СММ Зумрад Норматова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, сохтмони коргоҳҳои нав дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ҷилавгирӣ ва коҳиш додани бархӯрдҳо дар водии Фарғона» бо дастгирии ҳукумати Норвегия якҷоя бо намояндагони мақомоти давлатии кишвар имконпазир гардид. Аз оғози соли 2012 дар ин ҷо коргоҳҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ ва дуредгарӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Коргоҳҳои нави ҷамоати Шӯроб бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Ҳоло корҳо барои бунёди  аввалин корхонаи кучак идома доранд.

Ноябрь 11, 2011 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид