Ба фаъолияти «Бонк барои бонк» дар Тоҷикистон як сол пур шуд
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Моҳи октябри соли равон ба фаъолияти Барномаи комплексии хизматрасонии муассисоти молиявии «Бонк барои бонк», ки бо ташаббуси бонки маъруфи ФР «Новинкомбанк» ҷорӣ гардида буд, як сол пур шуд.Амалӣ намудани принсипи фазои ягонаи ҳисоббаробаркунӣ дар ҳудуди ИДМ, ширкати фаъол дар бозори молиявии Русия, ИДМ ва мамолики назди Балтик, ташаккули инфрасохторҳо ҷиҳати таъмини талаботи мизоҷон дар минтақаҳои калидӣ аз мақсад ва вазифаҳои асосии Барномаи мазкур маҳсуб меёбад.Дар чаҳорчӯби фаъолияти Барномаи мазкур то имрӯз тибқи маълумоти «Новикомбанк» шумораи мизоҷон дар бозори қарзҳои байнибонкии форекс ба 300 ва амалиёти банкнотӣ ба 118 расидааст. Лоро-мухобирони «Новикомбанк» 60 муассисаи молиявиро ташкил дода, бақияи суратҳисобҳои онҳо ба 2 млрд. рубли русӣ расидааст. Майдони лимитӣ барои амалиёти қарзҳои байнибонкӣ ба миқдори 12 млрд. рубли русӣ зиёд гаштааст.Аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки «Амонатбонк» панҷ моҳ боз бо «Новикомбанк» дар самти хизматрасониҳои ҳисобҳои мултиасъорӣ, амалиёти амонатӣ ва мубодилавӣ, амалиёти банкнотӣ ва амалиёти ҳуҷҷатӣ ҳамкорӣ менамояд. Раванди начандон тӯлонӣ, аммо хеле самарабахши ҳамкориҳо бо ин ташкилоти молиявӣ нишон дод, ки амалӣ гаштани барномаи «Бонк барои бонк» барои бонкҳои Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






