Ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду нафар шаҳрвандро барои тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ дастгир карданд.Тавре ки сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ Аюбов Муҳаммадшарифи 16-сола, хонандаи синфи 10-ум ва Сатторов Абдусаттори 22-сола, бекор ва пештар бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, ки тибқи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» озод гардидааст, дастгир карда шудаанд.Мувофиқи гуфтаи М. Асадуллоев онҳо дар хонаи истиқоматии ноболиғ Аюбов М. бо мақсади ба муомилот баровардани маблағҳои пулии сомонӣ бо воситаи компютер ҳамагӣ 10-адад пули 10- сомонӣ, тайёр карда, ба муомилот баровардаанд. Ҳангоми тафтиши хонаи истиқоматии ноболиғ Аюбов М. 1 варақае, ки дорои 4-адад пули 10 сомонӣ буд, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






