Интернет маҳбубияти бештар касб мекунад
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии (ВКД)- и ҶТ, хадамоти мазкур шӯъбаҳои худро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба шабакаи интернет пайваст менамояд. Мақсад аз он бо роҳи осон ва бе харҷи иловагӣ дастрас намудани нусхаҳои шиносномаю шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд тавассути интернет ва дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба қайд гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.Ба иттилои манбаъ, ҳамасола ба Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД наздик ба 14 ҳазор ариза барои гирифтани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ворид мегардад. Аксарияти аризаҳо аз номи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, ворид шуда, боиси хароҷоти зиёди омаду рафти муроҷиаткунанда мегардад. Акнун бо мақсади осон гардонидани гирифтани нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият бе омаду рафти шаҳрванд онро тавассути интернет ба даст овардан мумкин аст.Бо дастгирии молиявии Созмони байналмилалии муҳоҷират мақомоти роҳбарикунандаи Хадамот 10 шӯъбаи аввалини худро дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба шабакаи интернет пайваст менамояд








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






