Ҳисоботи шаҳрдор оид ба нақшаҳои рушд
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 22 декабри соли 2011 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбутаро ба имзо расонд. Интизор меравад, ки дар иҷлосия дар назди вакилони шаҳрӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷаи шаҳри Душанбе ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷаи шаҳри Душанбе дар соли 2010 ҳисобот медиҳад. Ҳамзамон дар иҷлосияи шаҳрӣ як қатор қарорҳои раиси шаҳри Душанбе тасдиқ хоҳанд шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






