46 ҳолати қонуншиканӣ дар Суғд
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби комиссияҳои доимии шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳангоми баргузории тӯю маросимҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Ашт, Зафаробод, Айнӣ ва Панҷакент 46 ҳолати қонуншиканӣ қайд шуда, нисбат ба қонуншиканон қарорҳои суд ба тасвиб расидаанд.Бояд гуфт, ки дар давоми моҳҳои январ — сентябри соли равон 118 тӯйхонае, ки дар қаламрави вилоят амал мекунанд, ба буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 348 ҳазору 271 сомонӣ ва 269 нафар сароянда, наворбардор, навозанда ва раққос ба маблағи 286 ҳазору 814 сомонӣ андоз супориданд. Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби нозироти андоз барои қонуншиканӣ дар фаъолияти тӯйхонаҳо 29 протокол тартиб дода, онҳо ба маблағи 9 780 сомонӣ ҷарима шудаанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ






