Байни Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Украина шартномаи олимпӣ ба имзо расид
Душанбе, 21 декабр. АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар қатори дигар созишномаҳои байнидавлатӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Украина созишнома доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва аз ҷониби Украина Президенти Кумитаи олимпии Украина Сергей Бубко ба имзо расониданд. Дар доираи шартномаи мазкур ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мемонанд. Аз ҷумла, машқҳои муштарак ва табодули таҷрибаи мураббиёну доварон пешбинӣ гардидааст.Ҷониби Украина баҳри фароҳам сохтани имкониятҳои варзишӣ барои дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд. Дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз варзишгоҳи бузурги олимпии шаҳри Киев,, ки 70 ҳазор ҷойи нишаст дорад, боздид ба амал овард. Ёдовар мешавем, ки дар доираи барномаи Рушди футболи Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат сохтмони варзишгоҳ барои 50 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






