Бунёди осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққум
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо гузоштани хишти аввал ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмони бинои нави осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум ифтитоҳ бахшид. Зикр бояд намуд, ки тибқи лоиҳаи сохтмонӣ бинои нав аз панҷ ошёна иборат буда, барои муолиҷа ва ҷои хоби 200 нафар ниёзманд пешбинӣ гардидааст. Дар паҳлӯи бинои табобатӣ дигар иншооти зарурии солимгардонӣ, аз ҷумла ҳавзи шиноварӣ низ бунёд мегардад.Раиси вилоят бобати бо сифати баланд сохтани иншооти мазкур ба сохтмончиён дастур дода, онҳоро бо фарорасии Соли Нави милодӣ табрик намуд.Бинои навбатии табобатии осоишгоҳ дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.Ҳамчунин Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмони маҷмааи истироҳатии наздисоҳилии маркази таълимии тандурустии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум шинос гардида, ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва боз ҳам зебову хуррамтар намудани муҳити атроф ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Дар ин бора аз Хадамоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






