«Хлопушка» то Рашт нарасид
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То соли нав рӯзҳои башумор мондааст. Кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД ҶТ) дар доираи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 1999 «Дар бораи манъ кардани воридот ва фурӯши маводи пиротехникӣ» ва ё ба истилоҳ «хлопушка» дар сар то сари қаламрави ҷумҳурӣ рейдҳо мегузаронанд. Зимни тафтиши кормандони милиса дар бозорҳои шаҳри Душанбе 7 фурӯши ғайриқонунии маводи оташбозӣ ошкор гардида, беш аз 5 ҳазор адад маводи оташбозӣ дарёфт ва нобуд карда шуд. Илова бар ин дар чанд бозорчаю дӯконҳои минтақаи Қӯрғонтеппа аз ашхоси алоҳида низ маводи оташбозӣ дарёфт ва мусодира шуд. Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҳангоми азназаргузаронии мошини сабукрави тамғаи «Мерседес», ки ба сокини ноҳияи Рашт Дилшод Абдуллоев тааллуқ дорад, 28 ҳазору 800 адад маводи таркандаю оташбозӣ дарёфт ва мусодира намуданд. Ба иттилои манбаъ, айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон, ки дар вайрон намудани Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи манъ кардани воридот ва фурӯши маводи пиротехникӣ» гунаҳкор дониста мешаванд, парвандаҳои маъмурӣ кушода шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






