Иҷлосияи навбатии вакилони халқи Кӯлоб

Декабрь 27, 2011 14:03

Кӯлоб, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов ). – Дар шаҳри Кӯлоб иҷлосияи навбатии вакилони шаҳр баргузор гардид. Ширкаткунандагони иҷлосия ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2011 баррасӣ намуданд ва буҷаи шаҳрро барои соли 2012 тасдиқ карданд. Дар иҷлосия инчунин ҷараёни иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Декабрь 27, 2011 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш