Коҳиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон

Декабрь 15, 2011 17:12

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи дастури комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дастгирии ташкилоти ЮНИСЕФ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Истаравшан ва Б.Ғафуров лоиҳа таҳти унвони «Равонакунии адолати алтернативӣ нисбат ба ноболиғон» татбиқ гардид.Дар доираи амалисозии ин лоиҳа бо кормандони Хадамоти пешгирии хуқуқвайронкунӣ байни ноболиғони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, кормандони маркази таҳсилоти иловагии шӯъбаҳои маориф, прокуратура ва суд семинарҳо доир гардид.Ҳамчунин бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ҳаёти кӯдакони имконияташон маҳдуд ва фарогирии онҳо ба таҳсил дар телевизиони вилоят барномаҳои махсус таҳия гардида, бо кормандони соҳа семинарҳои дастурдиҳӣ гузаронида шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар 11 моҳи соли равон дар миқёси вилоят аз ҷониби ноболиғон 160 ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳодиса кам аст.

Декабрь 15, 2011 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид