Натиҷаи фаъолият дар соли 2011 ҷамъбаст мешавад
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – 22 декабр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод ва мақомоти дигари он баргузор мегардад. Аъзои Шӯро дар ҷараёни ҷаласа натиҷаи корро тайи соли ҷорӣ ҷамъбаст, нақшаҳои ояндаро муайян ва номзадии Роҳбари намояндагиҳо аз ИДМ дар интихоботи президенти Туркманистон муайян ва лоиҳаи рӯзномаи мулоқоти ояндаи худро тасдиқ карданианд.Хотирнишон месозем, ки соли 2011 Намояндаи доимии ҶТ дар мақомоти низомномавӣ ва мақомоти дигари Иттиҳод, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов раиси Шӯрои намояндагиҳои доимӣ буд. Дар ҷаласаҳои Шӯро намояндагони доимӣ масъалаҳои фаъолият ва тайини роҳбарони мақомоти мушоҳидони ИДМ дар интихоботи президентӣ ва парлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳод ва масоили дигарро мавриди баррасӣ қарор медоданд.Иштироки раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар ҷаласа низ дар назар аст. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






