Танзимро бояд риоя кард
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар доираи силсилаи чорабиниҳо дар робита ба санҷиши фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор шуд.Дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошорух Асрорӣ, мудири Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзоев ва намояндаҳои тамоми зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд. Мудири раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзоев аз моҳият ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» , ташкили комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ташкилоту идораҳо новобаста ба шакли моликияти онҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи моҳият ва аҳамияти Қонуни мазкур дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз натиҷаи санҷиши гурўҳи корие, ки дар ҳайати кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд ва аз фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш ба амал оварданд, сухан гуфт.
Тӯли чанд рӯз бо мақсади иҷрои банди 24-и «Нақшаи барномаҳои телевизионӣ дар муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» барои амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2011» ва нақшаи кории Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 08.12.2011, №112 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби гурўҳи кории кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кумитаи мазкур фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш ба амал оварда шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






