Ёдоварӣ аз оқибатҳои нохуши садамаи Чернобил
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл дар театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд ба номи О.Назаров чорабинии тантанавӣ бахшида ба 20-солагии таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ғалабаи аҳли башар бар садамаҳои радиатсиноӣ-техногенӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чорабинӣ раиси Иттифоқи маъюбони Чернобили Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Ҳакимов ва раиси Шӯрои ҷумҳуриявӣ Т.Отабоев, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи чернобилчиёни шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯён ва хонандагони фаъоли мактабҳои олӣ ва миёнаи шаҳр иштирок доштанд.Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А.Шарифов табрикоти Раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро ба иштирокчиён ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи Чернобил» бахшида ба таҷлили 20-солагии таъсисёбии ин ташкилоти бонуфуз расонид.Ҳамчунин раиси Шӯрои ҷумҳуриявӣ Т.Отабоев баромад намуда, аз оқибатҳои нохуши садама ёдовар шуд. Сипас барномаи консертии театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд ва композитсияи адабӣ-мусиқӣ пешкаш гардида, ба фаъолони аъзои Шӯро медали ҷашнии 20-солагии таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи Чернобил» тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






