Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор….

Январь 25, 2012 16:52

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар се соли охир магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 197 нафар хатм кардаанд, ки аз нигоҳи роҳбарияти Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шумора кам ҳам бошад, вале хуб аст, яъне дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор. 197 нафар хатмкардаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарандаи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар самти идораи давлат ва хизмати давлатӣ диди хуб доранд. Қобили зикр аст, ки имрӯз барои магистрантҳои ҷумҳурии мо шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст ва онҳо бо истифода аз шароити мусоиди баланд бардоштани сатҳу сифати савияи дониши худ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Боиси хушнудист, ки дипломи магистрие, ки Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо медиҳад, берун аз ҷумҳурӣ ва ҳатто дар кишварҳои Аврупо соҳибэътибор аст.Болоравии мансаби магистрҳои солҳои таҳсили 2009-2010 беш аз 60 фоизро ташкил медиҳад, ки ин самараи талошҳои роҳбарияти Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва ҳайати устодони Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади татбиқи пешниҳодҳо ва беҳтар кардани низоми хизмати давлатӣ зарурати таъсиси Шӯрои ҷамъиятии магистрҳо ва интихоби аъзои он пайдо гардидааст. Ҳамзамон ин амр нишони ҷалби ҷавонони лаёқатманди соҳаи хизмати давлатӣ ва истифодаи нерӯи онҳо дар рушди кишвар мебошад.

Январь 25, 2012 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид