ВКД –и кишварҳои ИДМ муборизаро таҳким мебахшанд
Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 20 феврал дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир шуд, баррасӣ намуданд. Дар ҷаласа ҳамзамон аъзои Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ / «Дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон» ва Шартномаи давлатҳои аъзои ИДМ «Дар бораи кофтукови байнидавлатии шахсон»-ро муҳокима намуда, ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






