Ҷаласаи комиссияи сеҷониба

Март 29, 2012 17:45

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).- Таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамоҳангсози Комиссияи сеҷонибаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур, ки шумораи баробари намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар бар мегирад, доир гардид. Дар ҷаласа иҷрои Cозишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 ҷаммъбаст гардида, лоиҳаи Cозишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадамин Маҳмадаминов, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, раиси он Муродалӣ Солеҳов ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси он Азизбек Шарипов роҷеъ ба иҷрои Созишнома гузориш доданд. Дар гузоришҳо зикр гардид, ки дар доираи Созишномаи мазкур лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба густариши минбаъдаи усули шартномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ мусоидат хоҳанд кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории сетарафа ба ҳалли бисёр проблемаҳои иҷтимоӣ, аз қабили пардохти музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини кафолатҳои меҳнатию иҷтимоии кормандони кироя ва аъзои оилаи онҳо мусоидат мекунад. Дар робита ба ҳамин зикр гардид, ки танҳо дар соли 2011 тақрибан 400,0 ҳазор нафар наврасону кўдакон ҳангоми таътили тобистона ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд, ки бо ин мақсад аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо тақрибан 3,2 миллион сомонӣ ҷудо ва харҷ гардидааст. Илова бар ин, тибқи Рўзномаи маҷлиси Комиссия лоиҳаи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои Комиссияи сетарафа ва дигар ширкаткунандагони маҷлис қарор дода шуда, дар маҷмўъ маъқул дониста шуд. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати комилтар гардидани лоиҳаи Созишнома аз ҷониби ширкаткунандагон якчанд пешниҳоду тавсияҳо ироа гардиданд.

Март 29, 2012 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст