«Эсхата» шумораи намояндагиҳояшро афзун мекунад

Март 30, 2012 15:59

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар маҳаллаи Калининободи ноҳияи Ғончӣ бунгоҳи нави интиқоли маблағи Бонки «Эсхата» ифтитоҳ ёфт.Тавре дар бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ифтитоҳи намояндагиҳои бонк дар ноҳияҳои дурдаст яке аз вазифаҳои асосии он мебошад, ки мақсад аз он ба фаъолияти бонк бештар ҷалб намудани мизоҷон ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ мебошад.Қобили зикр аст, ки алҳол Бонки «Эсхата» дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 150 бунгоҳи интиқоли маблағ дорад.

Март 30, 2012 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш