Н. Ҳейзер: «Бунёди сулҳ ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон аз талошҳои Тоҷикистон низ вобастагии зиёд дорад»
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Миёни мо ва Президенти Тоҷикистон мулоқоти пурмӯҳтавою созанда сурат гирифт ва мо дастгирии ҳамаҷониба ва тасмимоту талошҳои зиёдро, ки Президент дар роҳи мусоидат ба таҳкими сулҳ ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон анҷом медиҳад, хеле хуш мепазирем», — иброз дошт ёвари дабири кулли Ссозмони Миллали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Ноэлин Ҳейзер. Умуман талошҳои ҷаноби Президент дар таҳкими муносибатҳо ва равобиту ҳамкориҳои кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон хеле назарас аст. Аллалхусус ҳамкорӣ ва кӯмак ба Афғонистон дар марҳилаи гузариш ҷабҳаи муҳим арзёбӣ мешавад. Таъмину таҳкими рушди иқтисоди. иҷтимоӣ, бунёди сулҳ ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон маҳз ба ин талошҳо вобастагии зиёд дорад. «Ман фикр мекунам, ки Афғонистон дар таъмини таҳкими сулҳи комил ва субот дар кишвар метавонад бо ҳамкории зич ва фарогир бо кишварҳои хамсояи худ муваффақ гардад ва мо низ ҳамчун кишварҳои ҳамсоя дар кӯмаки Афғонистон барои ба дасти худ гирифтани такдири он кӯмаки арзанда карда истодаем», — иброз намуд ёвари дабири кулли СММ. — Мо зимни мулоқот се нуктаро мавриди муҳокима қарор додем, ки онҳо пеш аз ҳама сармоягузориҳо барои рушди бахши иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва бунёди заминаи мусоид барои созмон додани ҷойҳои корӣ дар ин кишвар буд, ки он аз зарурати бунёд ва таҳкими нерӯи инсонӣ ва таҳкими ҳаёти осоиштаи насли ҷавони Афғонистон асос мегирад. Ноэлин Ҳейзер инчунин иброз намуд, ки мо дар баробари муҳокимаи ин масъалаҳо ҳамчунин дар бораи роҳҳои пайвасти ин кишвар ба дигар кишварҳои иҳотакунандаи Афғонистон, сохтмони роҳҳои заминӣ, шоҳроҳҳо ва роҳи оҳан инчунин табодули таҷриба байни кишварҳо ва талошҳои зиёд барои ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ, ки он ҳам пайвандгари байни мардумони ин кишварҳо маҳсуб мешавад, мубодилаи афкори судманд намудем. «Ман фикр мекунам, ҷорӣ намудани ин низоми кор ва ҳамкорӣ бо ин кишвар метавонад дар оянда барои рушд ва густариши нишондодҳои ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни миллатҳо ва байни ин кишварҳо мусоидати назаррас намояд», — изҳор дошт Н. Ҳейзер. Дар фарҷоми мулоқот бо истифода аз талошҳои Тоҷикистон барои таъмини амният ва рушди иқтисодии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хонум Ноэлин Ҳейзер аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки намояндагони воломақому босалоҳияти кишвар барои идомаи муҳокимаи мавзӯъҳои мавриди назар ба ҳамоишҳои оянда доир ба Афғонистон, ки моҳҳои июл ва ноябри соли равон дар Токио (Япония) ва Бангкок (Таиланд) баргузор мегарданд, фиристода шаванд.








Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд






