НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем

Май 9, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 09.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон аз шиддат гирифтани муносибатҳои тезутунди кишварҳои абар­қудрат баҳри азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», дар умум аз вазъи ниҳоят мураккаби ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳанд ва зарурати боз ҳам муттаҳид будан дар атрофи Давлату Ҳукуматро таъкид менамоянд. Зеро, таҷрибаи талхи таърихи беш аз сад соли охир нишон медиҳад, ки тоҷикон ва Тоҷикистон ҳаргиз аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор набудааст. Аз таъсири бархӯрдҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз ҷалб шудан дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ (солҳои 1914-1918 бо иштироки 38 кишвари олам ва ду иттиҳоди ҳарбӣ) ва ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1939-1945 бо иштироки 62 давлат) эмин намондааст. 

 Ба ҷабҳаи ҷанги солҳои 1941-1945, ки Тоҷикистон он замон дар ҳайати империяи шуравӣ қарор дошт, 300 ҳазор сокинони мамлакат ҷалб  шуданд. Боиси таассуф аст, ки аз ин шумора 100 ҳазор сокини Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Тавре аз маълумоти бойгонӣ бармеояд, дар моҳҳои аввали ин ҷанг сокинони Тоҷикистон дар ҳайати ду дивизия (як дивизия аз 10 ҳазор то 30 ҳазор сарбозро дар бар мегирад) ба майдонҳои ҳарб фиристода  шуданд. Дар баробари иштироки сарбозону афсарон дар муҳорибаҳои ҷангӣ ҳамчунин тамоми қудрат, имконият ва дороиҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон барои таъминоти ҷабҳаи ҷанг равона шуда буд. Самараи заҳмати занону кӯдакону пиронсолон ва онҳое, ки қобилияти рафтан ба ҷангро надоштанд, пурра барои таъмини эҳтиёҷоти ҷанг фиристода шуда буд.

Бояд гуфт,  дар ҳама санадҳои таърихии бойгонии ҷанги солҳои 1941-1945 афсарону аскарони Тоҷикистон ҳамчун ҷанговарони далер, шуҷоъ, нотарс баҳогузорӣ шудаанд. Ягон ҳолати ҷинояткор будан ва ё аз муҳорибаҳо гурехтану таслим шудани ҷанговарони тоҷик дар давоми солҳои ҷанги солҳои 1941-1945 ба қайд гирифта нашудааст. Падарону бобоҳои мо, ки дар ин ҷанг иштирок карданд,  ҳаргиз ба номи миллат иснод наовардаанд.  Ҳамин аст, ки 60 нафар бо унвони олии Қаҳрамон, 15 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазор ҷанговарони тоҷик бо нишону медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.

Илова ба ин адибони тоҷик  Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода дар баробари эҷод кардан ҳамчунин бевосита дар амалиёти ҷангӣ иштирок карда, ба дигарон намунаи ибрат нишон додаанд. Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ ҳамчун зиёии пешқадам мақолаҳои публитсистӣ навишта, қаҳрамониҳои тоҷиконро дар мисоли Темурмалик ва Муқаннаъ инъикос кард. Бо ин роҳ эҳсоси ватандӯстӣ ва табиатан озодихоҳ будани миллати куҳанбунёди тоҷикро нишон дод.

Ҳамин тавр, агар воқеаҳои ҷанги якуми ҷаҳон бо сар задани шӯриши Хуҷанд озодихоҳу адолатпарвар будани миллати тоҷикро нишон дода бошад, пас ҷабҳаҳои ҷанги солҳои 1941-1945 садоқатмандӣ, ҷавонмардӣ, матонату ҷасорати ҷанговарони тоҷикро ба намоиш гузоштааст.

Шоистаи ифтихор аст, ки бо амри Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар иштирокчӣ ва маъюби ҷанг ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои қадршиносии корнамоии иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 аз пойтахт ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шуданд, ки ба иштирокчиён ва маъюбон кумакҳои моддию молиявӣ расонанд.

Дар оғози мақола гуфта шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам зимни суханрониҳо оид ба вазъи ҷаҳони муосир изҳори назар карда, онро мураккабу пешгӯинашаванда баҳогузорӣ менамоянд. Воқеан ҳам Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз равандҳои имрӯза дар канор монад. Ба шарофати сиёсати дурандешона ва оқилонаи роҳбарияти Ҳукумату Давлат таъсири манфии равандҳои замони муосир ба ҷомеа ва давлати Тоҷикистон пешгирӣ карда мешаванд. Ҳоло дар ҳудуди бештар аз 20 кишвари ҷаҳон задухӯрдҳои мусаллаҳона идома доранд. Ҳамчунин 70 кишвари ҷаҳон бевосита ва ё ғайримустақим ба ҷангҳову низоъҳои мусалаҳона кашида шудаанд.

Дар чунин айём қадршиносӣ кардан аз онҳое, ки дар ҷанги солҳои 1941-1945 иштирок кардаанд, аз як тараф эҳтиром ба таъриху гузаштагон бошад, аз тарафи дигар ёдоварӣ кардан ва ифтихор доштан аст, ки миллати тоҷик фарзандони ҷасуру нотарс дорад. Мақоли машҳуре ҳаст, ки «агар сулҳ хоҳӣ, ба ҷанг омода бош».

Моро мебояд, ки дар мисоли падарону бобоён ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷасорату матонат тарбия кунем, аз бегонапарастӣ дур бошем, ба қадри сулҳу субот, оромиву осоиштагии Ватани азиз бирасем, омода бошем, ки дар ҳама ҳолат манфиатҳои миллат ва Ватани маҳбуби худро ҳимоят карда тавонем. Ҳамон тавре ки гузаштагони мо аз мушкилоти ҳаёт бо сари баланд боло шуданд, эътибор ва шарафу номуси миллатро нигаҳ доштанд ва номи неки тоҷиконро дар саҳифаҳои таърих сабт карданд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 9, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба тарбиятгирандагони «Мактаб-интернати №1»-и шаҳри Душанбе туҳфаҳо тақдим гардид
Доир ба фазои умумии коршиносӣ ва масъалаҳои мубрами патентӣ машғулияти минтақавӣ баргузор гардид
Имсол кишоварзони ноҳияи Ёвон ҳосили фаровони картошка ҷамъоварӣ менамоянд
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон лоиҳаҳои Боғи миллии манзаравию этнографии шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Суғд ба дидани кӯдакони маъюб рафтанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Хоруғ байни наврасони эҷодкор озмуни «Намоиши илмӣ» баргузор гардид
Ҷаласаи онлайнии комиссияи Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавон доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид