Суханронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ оид ба RECCA-V

Март 27, 2012 14:19

СУХАНРОНИИ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) (27 марти соли 2012) Мӯҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Хонумон ва ҷанобон, Кори Конфронси Панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки зери шиори “Ҳамкориҳо барои таҳкими ҳамгироӣ ва рушду суботи минтақавӣ” ду рӯз идома дошт, ба анҷом расид. Дар ин ҳамоиши муҳим Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби Олӣ доктор Маҳмуд Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Осиф Али Зардорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳайатҳои баландмақоми 46 кишвар, 30 созмони байналмилалӣ ва олимону муҳаққиқон, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ иштирок доштанд. Мо аз иштироки фаъоли онҳо дар кори Конфронс ва саҳми арзандаашон дар роҳи расидан ба дастовардҳои ниҳоии он изҳори қаноатмандӣ мекунем. Вазифаҳои бисёрсамтаи Конфронс дар рафти иҷлосияи умумӣ, нишастҳои гурўҳҳои кории он, инчунин дар мулоқотҳои ғайрирасмӣ баррасӣ карда шуданд. Зимни онҳо ҳамаи хоҳишмандон имкон доштанд, ки аз таҷрибаи мусбат миёни ҳукуматҳо, созмонҳои гуногун оид ба масъалаҳои ҳамгироӣ ва рушду субот дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ибрози андеша ва табодули афкор намоянд. Ҳангоми баррасии мавзӯъҳо мо аз рафти амалисозии қарорҳои Конфронси Истамбул натиҷагирӣ намуда, муносибат ва нақшаҳои нави худро ҷиҳати татбиқи муассири равандҳои ҳамгироӣ барои ояндаи наздик тарҳрезӣ намудем. Дар доираи Конфронс бо иштироки олимони кишварҳои иштирокчӣ Симпозиуми илмӣ баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаи зарурати таҳрики минбаъдаи татбиқи равандҳои ҳамгироӣ, ки ба ташаккули шароити муносиб барои рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ равона карда шудаанд, баррасӣ ва заминагузорӣ шуданд. Дар рафти Конфронс ҳамчунин анҷумани соҳибкорони кишварҳои манфиатдор баргузор гашт. Дар он зарурати татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои ҳамгироӣ, ки ба ташаккули шароит барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ равона шудаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Шоистаи зикр аст, ки дар ҳамбастагӣ бо кори анҷумани соҳибкорон намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои минтақа баргузор шуд, ки татбиқи онҳо метавонад ҳамчун асоси устувор барои тақвият додани рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими нерўи инсонӣ, вусъати тиҷорат, истифода ва сафарбарнамоии онҳо хизмат намояд. Дар рафти ин чорабиниҳо собит гардид, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи одамон, миллатҳо, давлатҳо, минтақаҳо ва ҷаҳон имкониятҳои бузурги истифоданашуда мавҷуд ҳастанд. Натиҷаи муҳими Конфроси мо қабул шудани санади ниҳоии он – Эъломияи Душанбе – 2012 мебошад. Мо итминон дорем, ки Эъломияи Душанбе ба ҳайси қадами навбатӣ дар пешбурди раванди ҳамкориҳои минтақавӣ ва барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва рушди минтақа саҳми худро гузошта, метавонад ҳамчун заминаи устувор барои ҳамкории дарозмуддат ва шарикӣ, рушди робитаҳои мутақобилан судманди тиҷоратӣ-иқтисодии кишварҳои ҳавасманд хизмат намояд. Умедворем, ки дар ин марҳилаи барои Афғонистон сарнавиштсоз Эъломияи Душанбе аз ҷониби ҳамёрони ин кишвар – давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавии манфиатдор дастгирии ҳамаҷониба ёфта, ҷиҳати анҷоми муваффақонаи мақсадҳои муайяншуда ба ҳайси роҳнамо хизмат хоҳад кард. Бо боварӣ метавон изҳор дошт, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе соли ҷорӣ дар конфронсҳои дарпешистодаи Кобул ва Токио рушди минбаъдаи мантиқӣ ва воқеии худро пайдо хоҳанд намуд. Ҳозирини гиромӣ, Мо ба ҳамаи намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ барои дастгирии ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳри Душанбе барпо намудани Конфронс ва иштироки фаъолона дар омодасозӣ ва баргузории он, миннатдории бепоёни худро баён месозем. Аз номи иштирокчиёни Конфронс ба мардум ва ҳукумати Афғонистон дастгирии ҳаматарафаи ҷомеаи байналмилалиро ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ин кишвар изҳор менамоем. Мӯҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум, Кори Конфронсро беш аз 300 хабарнигор аз расонаҳои хабарии гуногуни олам инъикос карданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дошт, ки аз ҷараён ва натиҷаҳои он иттилоъ дошта бошад. Ба ҳамаи шумо барои иштирокатон дар дастгирии иттилоотӣ ва инъикоси рафти чорабиниҳои Конфронс изҳори сипос менамоям. Умедворам, ки дар оянда низ ҷиҳати дастгирии ибтикорот ба хотири таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт саҳми худро мегузоред. Ба диққататон ташаккур.

Март 27, 2012 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад