Ахбори фаврӣ доир ба ҳолатҳои фавқулодда

Апрель 2, 2012 16:41

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз соати 06:00 рӯзи 1 – уми апрел то соати 06:00 рӯзи 2 апрели соли 2012 дар вилояти Суғд, дар шаҳри Панҷакент, 1 апрели соли ҷорӣ соатҳои 9:00 – 10:00 дар роҳи дохилии деҳаи Мӯсобозори ҷамоати деҳоти Фароб, лағжиши теппа ба амал омад, ки дарозиаш 70 метр, баландиаш 8 метр буда, дар натиҷаи он 2 – адад симчӯб, 500 метр ноқили барқии 0,4 кВт, инчунин хонаи истиқоматии Ҳазратқул Сувонқулов, соли таваллудаш 1976, қисман зарар дида ва оғилаш пурра вайрон ва 1 — сар асп, 3 сар моли калони шохдор ва 8 – сар гӯсфанд талаф шуд. Инчунин дар деҳаи Шингаки ҷамоати деҳоти Хурмии ноҳияи Панҷакент дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи оби дарёчаи Сой баланд шуда, такяи кӯпруки мошингузари деҳаи Шингакро шуста, ба ҳолати садамавӣ овардааст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Амондара низ обшавии пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи об ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 1,5 – 2 гектар замини нокорам зери селоба монд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Дар ноҳияи Мастчоҳ шаби 1 – апрели соли 2012, соатҳои 02 – 03, дар натиҷаи шамоли сахт боми хонаи сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Палдорак Қаноатилло Давлатов, соли таваллудаш 1965, пурра вайрон гардидааст. Талафоти ҷони ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамзамон 1 апрел тақрибан соати 03:00 дақиқа бар асари шамоли сахт ва боришоти борону барф дар ҷамоати Палдораки ноҳияи мазкур бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №30 пурра вайрон гардид.Дар деҳаи Марғеби ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи боришоти борон ҷараёни сел ба вуқӯъ омада, ба ҳудуди бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 58 селоба ворид гардида, инчунин дар деҳаи Махшеват низ чунин ҳодиса ба амал омада, ба оғилҳои шаҳрвандон селоба ворид гардидааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Рӯзи 1 – апрели соли 2012 соати 08:00 дақиқа дар натиҷаи боридани борон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво пиряхҳо об шуда, сатҳи оби рӯдҳои Ошоба, Даҳана, Ашт, Понғоз ва Пунуки ноҳияи Ашт баланд гардида, суръати ҳаракати ҷараёнҳои об ба 8 – 10 метри мукааб /сония баробар шудааст. Дар айни ҳол дар мавзеи шаҳраки Шайдон шусташавии соҳилҳои рӯди Понғоз ба қайд гирифта шудааст. Барои пешгирӣ намудани шусташавии соҳилҳои Понғоз, 1 — адад булдозер аз тарафи хадамоти муҳандисии муҳофизат аз селҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунии ноҳияи Ашт ҷалб шуда, фаъолият намуда истодааст. Дар минтақаи Ҳисор дар ноҳияи Варзоб рӯзи 1 апрели соли 2012 соати 17.40 дар км 62-юми мавзеи Майхӯраи ҷамоати деҳоти Зиддӣ, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Тарма пеши дарёи Зиддиро гирифт ва кӯли сунъиро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа сатҳи дарё баланд шуд ва 10 — хонае, ки ба хадамоти нақлиёт ва роҳи ноҳияи Варзоб тааллуқ дошт, зери об монданд. Аҳли оилаи К. Латипов ва Қ. Воситов ба деҳаи Зиддӣ- Панҷхок ба хонаҳои хешовандонашон кӯчонида шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 4 нафар наҷотдиҳандаи Маркази наҷотдиҳии Кумита ва 2 нафар афсари Ситоди минтақаи Ҳисор фаъолият доранд. Муовини Раиси Кумита генерал – майор Б. Орифов ва сардори Маркази наҷотдиҳии Кумита полковник С. Миров соати 21.00 дақиқа дар ҷои ҳодиса қарор доштанд. Дар ҳукумати ноҳияи Варзоб бо сардории муовини аввали раиси Кумита генерал- А.майор Хушвахтов Ситоди пешгирии хавфу хатари кӯли сунъӣ фаъолият дорад. Соати 21.30 дақиқа пеши роҳи обро кушоданд ва хавфи якбора кандашавии он бартараф шуд.Мувофиқи маълумоти ситоди ноҳияи Тоҷикобод, рӯзи 1 – апрели соли 2012 соати 12:30 дақиқа дар деҳаи Оби Сафеди ҷамоати деҳоти Нӯшор дар натиҷаи боришоти борони зиёд сел омада, кӯпруки мошингузарро шуста, пурра вайрон намуд. Инчунин дар ҳамин ҷамоат ярч фаромада, канали Оби сафедро қисман вайрон намудааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Санаи 1 — апрели соли 2012 соати 10:50 дақиқа дар маҳаллаи Қандаки шаҳраки Оби Гарм дар натиҷаи фаромадани ярчи дарозиаш 100 метр ва баландиаш 2 метра биноҳои ёрирасони шаҳрванд Абдузоид Халифаев пурра вайрон гардиданд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Дар вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 31 – уми марти соли 2012, дар натиҷаи боридани боришоти зиёди борон ва маҳкам шудани коллектори обпартоии кӯчаи Баҳор об ҷамъ шуда, ба 3 адад хонаи истиқоматии шаҳрвандон: Абдусаттор Тағоев, Хурсанд Абдуллоев даромада, қисман зарар расонида, хонаи истиқоматии Маҳмуд Тӯраев пурра чаппа шудааст.Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ барфоб ва лойоб дар ҷамоати Зонги деҳаи Зигванд ба 3 хона даромада, гирду атрофи 3 хонаи дигарро гирифтааст.Дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонг даруни 2 хона об даромада, 2 хонаи дигар зери хатар қарор дорад.Дар деҳаи Исор 9 хоҷагие, ки зери хатар қарор доштанд, ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.Дар ҷамоати Вранг 16 хоҷагӣ ба ҷои бехавф кӯчонида шуд.

Апрель 2, 2012 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳринав кӯдакистони №2 барои 300 кӯдак навсозӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 59 муассисаи олии таълимии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Дар шаҳри Ҳисор корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ сохта мешавад
Фонди хайриявии «Музаффар» ба рӯйхати Ташкилоти муваффақи фаъолияти волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ ворид шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, шанбе, 216-умин рӯзи соли 2024 аст
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Темур Раҳимов барои медали биринҷӣ рақобат менамояд
5 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии Корея ва Осиёи Марказӣ сухан гуфт