Дарахтони шаҳр инвентаризатсия мешаванд
Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То 1 майи соли равон тамоми дарахтони дар шафати кӯчаю хиёбонҳои пойтахт буда, муоина ва инвентаризатсия мешаванд. Дар робита ба ин масъала Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба масъулини Кумитаи ҳифзи табиати шаҳри Душанбе супориш дод, ки зимни муоина ва инвентаризатсияи дарахтони пойтахт тибқи тартиби муқарраргардида аз байн бурдани дарахтони кӯҳнаву ноустуворро, ки ба амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунанд, таъмин намоянд. Ин тадбири шаҳрдорӣ дар ҳоле андешида мешавад, ки дар зимистони тӯлонии соли равон бар асари боридани барф ва сардии зиёд бархе аз дарахтони куҳан фурӯ афтода, боиси ҷароҳат ва марги баъзе шаҳрвандон гардид.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






