Машварат дар Пекин
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҳошияи созишномаи ҳамкорӣ оид ба муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 2 апрел дар шаҳри Пекин машварати сеюми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба кораш шурӯъ намуд.Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарони идораҳои зидди маводи нашъаовар дар ҷараёни машварат масъалаҳои ташкили шӯъбаи зидди маводи нашъаовар дар заминаи котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай ва рушди ҳамкории байналмилалиро баррасӣ намуда, натиҷаи дар кишварҳояшон роҳандозӣ шудани созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай перомуни ҳамкорӣ дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварат муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Бунафша Одинаева иштирок дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






