Моҳӣ ба кӣ даркор?
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров, дар моҳҳои январ – марти соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти моҳипарварӣ 1 млн. 700 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба хароҷоти сарфшуда 900 ҳазор сомонӣ зиёд ба даст оварда шудааст. Ин мазмуни онро дорад, ки моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад.Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ беш аз 150 тонна моҳӣ сайд карда шудааст, ки 131,3 тоннаи он ба хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон, 20,3 тонна ба вилояти Суғд, 909 кг ба ноҳияи Ваҳдат ва 500 кг ба хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Рӯдакӣ рост омад.Ба гуфти мутахассисон, гӯшти моҳӣ чун хӯроки парҳезӣ барои инсон хеле зарур аст. Дар таркиби гӯшти моҳӣ даҳҳо микроэлементҳои барои ҷисми инсон фоиданок мавҷуд аст. Мутахассисон дар як ҳафта як маротиба истеъмол намудани гӯшти моҳиро барои равшан шудани нури чашм тавсия мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






