Мулоқоти М. Убайдуллоев бо Ч. Унг
Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Самтҳои афзалиятноки таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии таэкван-до зимни мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Президенти Федератсияи байнамилалии таэквон-до, узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ Чанг Унг дар Душанбе баррасӣ гардид. Раиси шаҳр ташрифи Чанг Унгро ба Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки бобати дар ояндаи наздик баланд бардоштани сатҳи мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар ва бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе вобаста аз таҷриба ва имкониятҳои доштааш нақши муассир гузорад, зеро бо ташаббусҳои Сарвари давлат барои такомули варзиш, тарзи ҳаёти солим ва беҳдошти тандурустии омма дар кишвар, бунёди иншооти варзишӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва тарҳрезии мусобиқоти ҷаҳонӣ мувофиқ ба мақсад аст.Чанг Унг зикр кард, ки дастпарварони Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон яке аз муваффақтарин варзишгарон маҳсуб меёбанд, ки он аз дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар рушди варзиш шаҳодат медиҳад. Президенти Федератсияи байналмилалии таэкван-до бо назардошти пешниҳодҳои раиси шаҳр афзуд, ки тамоми тадбирҳоро минбаъд ҳам барои рушди варзиш ва баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ дар Душанбе хоҳад андешид. Дар мулоқот раиси Федератсияи таэквон-до ИТФ-и Осиё Ким Кёнг Хур низ ҳузур дошт. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Чанг Унг дар доираи баргузории Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэкван-до (ИТФ), ки рӯзҳои 27 29 апрел дар Душанбе бори нахуст барпо мегардад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Дар ин мусобиқа намояндагони 20 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд варзид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






