Паёми Сарвари давлат ба МО ҶТ
Душанбе, 19 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо -20 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумони мамлакат Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар Паёми навбатии худро ироа месозад, ки он фарогири самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҷараёни Паёми Сарвари давлат ба МО ҶТ аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ мустақиман намоиш дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз палатаи поёнии парлумони кишвар иттилоъ доданд. Ба ҷаласаи сеюми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ғайр аз аъзои палатаи болоӣ ва вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат, инчунин намояндагони ҳукумати кишвар ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма даъват шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат дар Паёми қаблии худ ба парлумони мамлакат таваҷҷӯҳи махсусро ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ нигаронида буд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва нақшаҳои пешбинишуда дар доираи се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳия шудаанд. Ҳамзамон Президенти мамлакат ба аҳамияти зиёди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тақвияти амният дар кишвар махсус таъкид намуда буд, ки татбиқи ин равандҳо, бешак, ба рушду устувор ва пешрафту шукуфоии сарзаминамон мусоидат менамоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






